ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ
ш. Душанбе. 09.12.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват гардида, қарор фавран ба маълумоти вакилон расонида шуд ва он таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририя вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд.
Тавре дар иҷлосия зикр гардид, бо назардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 таҳти № 1380 "Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод) адад муқаррар карда шавад.
Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.
Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон дар ҷараёни баргузории он ҷалб намуд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кори худро анҷом дод.