Тоҷикӣ

ШОУ-КОНСЕРТИ ИДОНАИ СОЛИНАВӢ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

31 Декабри 2019, Сешанбе

ш.Душанбе,  31.12.2019. Шоми имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 дар майдони "Дӯстӣ"-и  пойтахт шоу-консерти идонаи солинавӣ бо иштироки устодони ҳунар ва ҳаваскорони санъати ҷавони пойтахт доир гардид.

Дар ибтидо  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 ба кулли сокинону меҳмонони пойтахт расонид.

Соле, ки сипарӣ гардид, ҳамчун соли бистуҳаштумин солгарди озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакат воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани орзуву ормонҳои созандаи миллиамон буд.

Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Душанбе бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.

Тавре таъкид гардид, солҳои охир шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои зебову замонавӣ касб намуда, ба маркази бузурги баргузории чорабиниҳои умумиҷаҳонии сиёсиву фарҳангӣ табдил гардидааст, ки ҷиҳати боз ҳам шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Бо азму талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаи мардуми шаҳри Душанбе дар саросари пойтахт раванди неки ободониву бунёдкорӣ бомаром ҷараён гирифта, даҳҳо корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва фароғативу фарҳангӣ бунёд гардиданд.

Пас аз табрикоти роҳбарияти шаҳр дар саҳнаи майдон бо иштироки санъаткорони ҷавону соҳибистеъдоди кишвар чорабинии идона, ки дар сатҳи баланди ғоявӣ ва маънавӣ омода шуда, фарорасии соли нави мелодии 2020-ро тараннум менамуд, пешниҳоди сокинону меҳмонон гардонида шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2020 ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба худ симои идона ба бар намуда, бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе марказ ва дигар маҳалҳо ба шаҳри афсонаҳо табдил дода шудааст.

Баҳри иштирок дар тантанаҳои идона сокинони синну соли гуногун дар марказ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву муттаҳидии Ватан фарорасии Соли нави мелодиро таҷлил карданд.

Ёдовар мегардем, ки чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2020 дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Шоҳмансур дар майдони 800 солагии Москва, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт бо иштироки ҳунармандону эҷодкорони санъати пойтахт баргузор шуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2020 дар фазои пойтахт  мушакпарронии (фейрверки) идона сурат гирифт. 

Илова кунед