ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №101 АЗ 18.02.2020
Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон карда шавад (замима мегардад).
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ба тасвиб расидани қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Замима ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2020, №101
а) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
- Сардори Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 2170,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани соҳаи технология, коммункатсия, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1139,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 3-ҷой:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, журналистӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи энергетика ва саноат ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани соҳаи энергетика ва саноат, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муҳосибот, соҳаи хоҷагӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани соҳаи муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;
-донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 846,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 846 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт;
-донистани самти соҳаи нақлиёт, таърих, фарҳанг, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 846,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи муҳосибот, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-донистани самти муҳосибот, иқтисодиёт, таърих, фарҳанг, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 846,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;
- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 696,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 696,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
б) сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Душанбе
- Муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1696,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани соҳаи ҳуқуқшиносӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти иҷтимоии фарҳангӣ, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-таҳлили масъалаҳои оилавӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 846,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 696,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм, туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;
-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ 696,00 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шаванд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (агар хизматчии давлатӣ бошад);
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (резюме).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-64-31, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj
ШУЪБАИ КАДРҲОИ ДАСТГОҲИ
РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ