ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ш. Душанбе. 17.04.2020. Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020 нақшаи даъвати навбатии ҷавонони шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 16 апрели соли 2020 100,2 % (фоиз) иҷро гардид.