БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЛАВОЗИМОТУ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ТИББӢ ДАСТРАС ГАРДИД.
ш.Душанбе. 22.06.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади табобат ва муолиҷаи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус- COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо маблағи беш аз се милиону нуҳсад ҳазор сомонӣ лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ дастрас гардида, дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захира карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз замони хуруҷи бемории сироятии коронавирус-COVID-19 то имрӯз дар мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.
Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, табобат ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти бемориии коронавирус аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз Ҷумҳуриии Халқии Хитой бо маблағи беш 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муосиртарин лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Аз ҷумла, 200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород(10L-OX-10A),ки нақши тавлид кардани ҳавои сунъиро дорад ва барои гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус-COVID-19 бениҳоят зарур аст, инчунин 100 адад дастгоҳи ларингоскоп, 160 адад зарфи(баллон) кислороди ғунҷоишаш 40 литр бо таҷҳизоти интиқолдиҳанда, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мурратаб ва бо низом ворид намудани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои муолиҷа ва табобати саривақтии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 шароит ва имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасгардида дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.