Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №411 АЗ 07.08.2020

11 Августи 2020, Сешанбе

Дар бораи муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ 

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ ва содда гардонидани тартиби муқаррарсозӣ ва мувофиқаи реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 66-81 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва моддаҳои 8, 11, 13 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасониҳои маишӣ», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии дар ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, аз ҷониби Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи моликият (соҳибмулкӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои дар замимаи 1 қарори мазкур дарҷгардида, амалӣ карда шавад.
  2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи замимаҳои 2 ва 3 тасдиқкарда шаванд.
  3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини  иҷрои қарори мазкур ва пешгирии халалдор кардани оромӣ чораҳои зарурии таъхирнопазир андешад.
  4. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 августи соли 2017, №497 «Дар бораи муқаррар ва мувофиқа намудани реҷаи кории корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро таввасути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                           РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед