Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №440 АЗ 02.09.2020

02 Сентябри 2020, Чоршанбе

Дар бораи ҷудо намудани маблағ 

Бо мақсади таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» 

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:  

  1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур – Билол И., Исмоили Сомонӣ - Самӣ Ш., Фирдавсӣ - Ф. Усмонзода, Сино - Салимзода Н.) дар таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.
  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 913 300 (чор миллиону нуҳсаду сездаҳ ҳазору сесад) сомонӣ, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 196 300 (як саду наваду шаш ҳазору сесад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиқи замимаи №1 ва маблағи 4 717 000 (чор миллиону ҳафтсаду ҳабдаҳ ҳазор) сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе мутобиқи замимаи №2 ҷудо намояд.
  3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Шоҳмансур – Одиназода Д., Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Т., Фирдавсӣ - Саидзода Ф., Сино – Гуреззода У.) бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Шоҳмансур – Одиназода Д., Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Т., Фирдавсӣ - Саидзода Ф., Сино – Гуреззода У.) бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе.

  1. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
  2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                  РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  

Илова кунед