Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №518 АЗ 08.10.2020

08 Октябри 2020, Панҷшанбе

Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Кофарниҳон», «Худҷореъ»  ва «Фишорӣ» 

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020, №295 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Кофарниҳон», «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.
  2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтозакунии:

а) «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои  42, 43, 46, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад,  Фирдавсӣ  ва Н.Қарабоев 34 то 86/3;

  -ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, 32, 33, 52, 53, 54  кӯчаҳои Нахимов,  Мир, Юсуф  Вафо,  Абдуҷаббор  Қаҳҳорӣ,  Пайрав  Сулаймонӣ, Тургенев,  Раҳмон  Набиев,  Ханжин,   Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ  ва шаҳраки Севостопол аз соати 23:00 рӯзи 14 октябри соли 2020 то  соати  24:00 рӯзи 15 октябри  соли 2020 қатъ мегардад.

б) «Кофарниҳон»:

-ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин;

-ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Миёншоҳ Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Мирали Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб аз соати 23-00 рӯзи 21 октябри соли 2020 то соати 24-00 рӯзи 22 октябри  соли 2020 қатъ мегардад.

в) «Худҷореъ»:

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 26 октябри соли 2020 то соати 24-00 рӯзи  27 октябри  соли 2020 қатъ мегардад.

г) «Фишорӣ»:

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон аз соати 23-00 рӯзи 29 октябри соли 2020 то соати 24-00 рӯзи 30 октябри  соли 2020 қатъ мегардад.

3.Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

4.Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.

6.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М гузошта шавад.

 РУСТАМИ   ЭМОМАЛӢ

Илова кунед