Тоҷикӣ

ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

15 Феврали 2021, Душанбе

Тавре маълум аст, 26 январи соли 2021 Паёми навбатии Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ки аз ҷониби сокинони кишвар ҳамовозии зиёд пайдо кард. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохўриҳои судманди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодаанд.

Санаи 15 феврали соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 - и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  ҳайате, ки ба он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе - А. Ф. Қурбонзода сарварӣ менамоянд, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе - М. М. Муинӣ, Х. С. Шарифзода - сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе,  мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе -  А.Норасов, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе - Н.Шоев  бо намояндагони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт мулоқоти судманд доир гардид.

Илова кунед