МУЛОҚОТИ СОЗАНДА
16 Феврали 2021, Сешанбе
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе М. М. Муинӣ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Рустамзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Х. С. Шарифзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе А. Норасов оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар суҳбату вохўриҳои судманд доир гардид.
Зимни вохӯри аъзоёни гурӯҳ аз ҳамкории бевоситаи намояндагони васоити ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори сипос намуда, аз эшон даъват ба амал оварданд, ки барои инъикоси бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар ба ҷаҳониён саҳми арзанда гузоранд. Дар вохӯрӣ инчунин таъкид гардид, ки ҳифзи якпорчагии меҳан ва нигоҳдошти оромиву осудагии мамлакат, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва давлатдории мардуми сулҳхоҳи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои ҳассосу тақдирсоз тавонистанд мушкилиҳоро паси сар намуда, ба чунин рўзҳои неку хуҷаста бирасанд.