Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ СОЗАНДА

16 Феврали 2021, Сешанбе

Чунин вохўриҳову суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи И.Сомонӣ, бо иштироки мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - С. Раҷабзода, сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – П. Абдураҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - З.Зуҳурова, мудири шуъбаи ободонии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Ш. Раҳмонов вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва моҳияти Паёми Пешвои миллат суҳбату мулоқотҳои хотирмон доир гардиданд.
Масъулин ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ атрофи масъалаҳои муҳими рўзмарраи ҷомеа ва ҳадафу моҳияти Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.

Илова кунед