Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 Феврали 2021, Чоршанбе

Санаи 17 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Мақо­моти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе бо на­мояндагони васоити ахбо­ри омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст роҷеъ ба натиҷаҳои та­раққиёти иҷтимоию иқти­содии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия маълумоти муфассал  дода шуд. 

Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо сармашқи кори хеш қарор дода, доир ба вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба мавсими нави гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ, сифати кори сохтмонҳо, тақвияти фаъолияти корхонаҳои коммуналии ноҳия чораҳои амалӣ андешида шуд. Мақомот барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар соли 2020 як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Зикр гардид, ки  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақ­ша-чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои ободониву созандагӣ бо вусъат ҷараён доранд.

Илова кунед