ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
18 Феврали 2021, Панҷшанбе
Санаи 18.02.2021 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чойхонаи «Истаравшан»-и пойтахт «Озмуни дастархонороӣ" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе М.М. Муинӣ ва ҳайати ҳакамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, чор ноҳияи пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Иштирокчиёни озмун, ки бо санъати волои хеш дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ саҳмгузоранд, ҳунари худро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинони ин озмуни ҳунари миллӣ намуданд. Озмуни мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона фароҳам овардани имконият барои беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ба шумор меравад. "Озмуни дастархонороӣ" дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо мекунанд.
Қайд бояд кард, ки ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будан, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани дастархони оросташуда баҳогузорӣ гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандон на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад. Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули оростан ва унсурҳои истифодаи анвои маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳон беназиранд. Ин аст, ки фарҳанги дастархонороӣ, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамин тариқ баъд аз пурра санҷида баромадани ҳайати тадорукот, билохира ғолибон муайян гардиданд. Ноҳияи И. Сомонӣ сазовори ҷойи якум, ноҳияи Шоҳмансур мавқеи дуюм, ноҳияи Сино зинаи сеюм ва ноҳияи Фирдавсӣ бошад ба гирифтани ҷойи чорум мушарраф гардид. Дар охири чорабинӣ ғолибон аз ҷониби мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мукофотҳои пулӣ, диалом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.