Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №136 АЗ 02.03.2021

02 Марти 2021, Сешанбе

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 17 марти соли 2021, соати 900 дар толори бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

    2.1. Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025.

    2.2. Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025.

    2.3. Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе.

    2.4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62.

    2.5. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №62.                                                                                                                                                                                                        

    2.6. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

    2.7. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

  1. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
  2. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 то санаи 15 марти соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

      РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

Илова кунед