Тоҷикӣ

ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ТАРАБХОНА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

19 Марти 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 19.03.2021. Имрӯз даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.
Озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 феврали соли 2021, №101 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин Тарабхонаи шаҳри Душанбе” бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандози карда шудааст.
Дар асоси Низомномаи озмун, тарабхонае, ки дар он тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Хотиррасон менамоем, ки даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҳанӯз оғози моҳи март ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври шаҳрӣ пешниҳод шуда, намояндагони як зумра тарабхонаҳои фаъол, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд.
Ҳамин тариқ, баъди пурра ва ҳамаҷиҳата санҷида баромадани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Шарбат» дониста шуда, роҳбарияти он ҷоизаи ғолиби озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2020» ва Диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо соҳиб гардид.
Ҳамзамон, ба тарабхонаҳои «Яккасарой», «Дидор», «Шаҳрисабз» ҷойҳои ифтихорӣ муносиб гашта, ба онҳо низ сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед