Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

29 Марти 2021, Душанбе

29.03.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корхонаҳои гуногун ба истифода дода шудаанд, ки барои кору фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам сохтаанд. Аз ҷумлаи чунин иншоотҳо ҶДММ Анас Аврупо-Осиё, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии гуногун машғул аст ба ҳисоб меравад, ки бо ба фаъолият оғоз намудани он 46 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон иштирок намуда, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо шароитҳои замони муосир таъмин буда, дар он мутахасисони ботаҷриба фаъолият мекунанд.
Тибқи иттилои масъулин, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд. Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. ҶДММ Анас-Аврупо-Осиё ҳам бо ҳамин мақсад бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иншоотҳои зиёди маишиву хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд ва ин раванд идома дорад. Дар доираи дастгириҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе ин навбат ҶДММ “Маркази тиббии Насл” ва ҶДММ Анас Аврупо-Осиё, ки ба истеҳсоли қаннодиҳои гуногун машғул, аст ифтитоҳ гардиданд.
 
 
 
 
 

Илова кунед