РАВАНДИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАНД
29 Марти 2021, Душанбе
ш.Душанбе. 29.03.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинои нави ҶДММ “Маркази тиббии Насл” бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон мариди истифода қарор дода шуд.
ҶДММ “Маркази тиббии Насл” 15 октябри соли 2010 ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тиббӣ ба хотири хизматрасониҳои технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ ташкил карда шуда, бо харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ дар марказ аввалин амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ (лапороскопӣ ва гистероскопӣ), иммуноферментӣ, реаксияи занҷиравии полимеразӣ ва амалиёти эмбриологӣ гузаронида мешавад. Инчунин соли 2012 аввалин барномаҳои ЭКО ва ЭКО-ИКСИ, яъне берун аз раҳми модар дар шароити лабораторӣ бордоркунӣ таҷриба карда шуда, имрӯзҳо бох ҳам беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази мазкур зиёда аз 44 нафар мутахассисон ба кор таъмин карда шуда, барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ дар хориҷи кишвар нақшаҳои зиёд роҳандозӣ карда шудааст. Барои сифатан беҳтар намудани кор дар ин самт ба маблағи 10 милион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ зарабинҳо, инкубаторҳои планшетӣ, хетчинги лазерӣ, муоинаи ултрасадоӣ ва колпоскопӣ, асбоби буриш ва ковгулятсияи лапиши мавҷ ва лазерӣ харидори карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки ин тадбирҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида истодаанд.