Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

03 Апрели 2021, Шанбе

 
 
03.04.2021. ш.Душанбе. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» дар пойтахт барпо гардид. Маврид ба зикр аст, ки озмуни имсолаи шаҳрӣ ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои эълон шудани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021” доир гардид, ки чанд рӯз қабл ифтитоҳи он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳо иштирок карданд. Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китоб баргузор шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супориданд. Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳама оминатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» - Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 1-ум, ҷойҳои 2-юм Боғи Устод Рӯдакӣ ва «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ва зинаҳои 3-юм насиби Муассисаи давлатии «Боғи ботаникии Тоҷикистон» ва Боғи Куруши Кабир гардид.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» - Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва Гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, Кӯчаи Нусратулло Махсум (ноњияи Сино) ҷойи 2-юм, Хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро касб карданд.
«Гулпарвари беҳтарин» - Ғафорова Гулнигор Шарофовна Муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал», дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Шеров Шариф Раҳимович, Муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» дода шуд. Абдуллозода Таманно корманди Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бошад сазовори зинаи 3-юм шуд.
«Барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст» - афзуд Толиб Раҳимзода.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҳам бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур бо баргузории барномаи бо шукӯҳи фарҳангӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед