ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО
11 Майи 2021, Сешанбе
ш. Душанбе. 11.05.2021. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода суханрони намуданд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинзода доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву хуррамгардонии кишвар, аз ҷумла пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафу арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, рушду такомули соҳаҳо дар чанд соли охир, нақши Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳр дар ободонию тараққии мамлакат ва пойтахти он, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, бо ба мисол овардан аз Паёми Сарвари давлат зикр гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол-мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.
Аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ ҳамчунин паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллатро пурра шарҳу тавзеҳ дода, аз устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар, ки барои ҷамият шахси арҷманд - омӯзгор ба арса хоҳанд овард, даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфиди Сарвари давлатро ҳамеша сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.