ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО СОКИНОНИ ПОЙТАХТ
24 Майи 2021, Душанбе
ш.Душанбе. 24.05.2021. Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти садорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои Восифӣ, Шоҳмансур, Шодӣ, КММ №1 ва №8, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, волидайни толибилмону хонандагони таълимгоҳҳои ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода оид ба аҳамияту муҳиммияти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди мактабҳои нав дар ноҳияҳои пойтахт, сохтмони садҳо майдончаҳои варзишӣ (алъон 260 адад дар шаҳри Душанбе майдончаҳо варзишӣ сохта шудааст), марказҳои наврасону кӯдакон, тарбияи худшиносию маънавии наврасону ҷавонон ва хуб нигоҳубину эҳтиёт намудани майдончаҳои варзишӣ, боғу сайргоҳу гулгаштҳо ва мактабҳои муосир, инчунин, осоишу амният ва сулҳу суботи мамлакат андешаронӣ намуданд.
Сипас, мудири шуъбаи ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидумар Раҷабов, адиб, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши боризу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои хастанопазир ва шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба аҳамияти сиёсати дарҳои боз, ободонию хуррамгардонӣ, бунёдкорию созандагӣ, сиёсати некбинонаю самараовари Пешвои муаззами миллат, арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатии кишвар ва рӯҳи гузаштагон мулоҳизаронӣ намуданд.