НАМОИШИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОН”
06 Июни 2021, Якшанбе
ш. Душанбе. 06.06.2021. Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии Боғи “Куруши Кабир” намоиши эҷодиёти халқ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе-шаҳри ҳунармандон” баргузор гардид.
Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастии ҳунармандону косибони чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Боғи “Куруши Кабир” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба заҳмату офаридаҳои ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ суханронӣ намуда, мақсади баргузории чорабинии мазкурро эҳёи анъанаҳои аҷдодии миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, муаррифии беҳтарин маҳсулоти ҳунармандии маҳаллӣ унвон намуданд. Зикр гардид, ки номоиши “Душанбе - шаҳри ҳунармандон” дар доираи эълон гардидани “Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” роҳандозӣ карда шудааст.
Қайд бояд кард, ки дар партави иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба раванди эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар суръати тоза бахшид, ки намунаи он намоиши имрӯза таҳти унвони “Душанбе шаҳри ҳунармандон” мебошад.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба иштирокчиёни фаъол, ҳунармандону косибони чирадаст диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ, баҳри болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиён, барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду тарона ва мусиқиҳои дилнишин бо иштироки ҳунармандони варзидаи кишвар пешниҳод гардид.