ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
24 Июни 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 24.06.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо иштироки кормандону афсарони шуъбаҳои корҳои дохилии чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, масъулину мутасаддиёни бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, фаъолону зиёиён ва ходимону хизматчиёни масъули Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе - Шариф Назарзода ва директори Маркази санитарӣ - эпидемиологии шаҳри Душанбе - Абдухолиқ Амирзода, иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар бораи хатари ин маризии ҳалокатовар, нишонаҳои таассуфовари он дар дигар кишварҳо, пешгирии хурӯҷи навбатии бемории сироятии коронавирус, истифодаи маводҳои антисептикӣ, риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, истифодаи доимии ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, ташкили гурӯҳҳои муташаккили корӣ, бетараф ва бепарво набудан нисбати зиёну зарари гӯшношуниди коронавирус, фарҳанги шаҳрнишинӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, одоби муошират, масъулияти дучанди мутасаддиёну масъулини тамоми соҳаҳои мавҷудадар ин марҳалаи хеле ҳассосу тақдирсоз ва бисёр масоили мубрами рӯз муфассал андешаронӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои миллӣ ва таърихии дар пешистода ба тариқи фишурда изҳори назар намуданд.
Дар чорабинь ҳамчунин сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе - Шариф Назарзода ва директори Маркази санитарӣ - эпидемиологии шаҳри Душанбе - Абдухолиқ Амирзода суханронӣ намуда, оид ба ҷоннок кардани корҳои омодагӣ нисбати пешгирии Ковид - 19, маърифати баланд зоҳир намудан, масъулияти хешро дучанд сохтан, бо маслиҳату машварати тарафайн амал намудан, андешидани чораҳои таъҷилӣ нисбати паҳн нагаштани ин маризии сироятӣ, наҳаросидан ва дода нашудан ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳои беасос, дар ҳамбастагӣ мубориза бурдан бо ин вируси хатаромез ва ба таври қатъӣ риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ суханронӣ карданд.