Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №415 АЗ 13.07.2021

13 Июли 2021, Сешанбе

Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммад 

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммад, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститут-сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» 

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур аз 15 то 18 июли соли 2021 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
  2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамот расон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз  чорроҳаи кӯчаи  С. Айнӣ бо якум гузаргоҳи кӯчаи Н. Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид намоянд.
  3. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
  4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад. 
  5. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда ҷораҳои зарурӣ андешад.
  6. Роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вазифадор карда шаванд, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба пудратчӣ - Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд.
  7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                               РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ 

Илова кунед