ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
ш.Душанбе. 14.07.2021. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 7 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62, иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ, дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Дар ибтидои иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи овоздиҳии рӯзи 16 майи соли 2021, дар ҳавзаи интихоботии №62, Қурбонзода Амирхон Файзулло, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гирифтани 69,83%-и овозҳо вакили интихобшуда эътироф гардида, бо овоздиҳӣ ваколати вакилии ӯро тасдиқ намуданд.
Сипас вакилони халқ масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед шунида шуд.
Раиси шаҳр дастуру супоришҳо доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар иншооти банақшагирифташуда, махсусан “Майдони Истиқлол”, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу пулҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва савдову хизматрасонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва бо риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ барои фароғати сокинону меҳмонон дар боғу гулгаштҳо бо риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ, насби шиору овезаҳои идона мувофиқ ба мазмуну моҳияти ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар хиёбону гулгаштҳо ва намои берунаи ташкилоту идораҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин оид ба ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳим андешида, дар робита ба ин барои ташкил ва гузаронидани барномаҳои махсуси телевизионӣ, намоиши дастовардҳои 30-соли Истиқлолият, конференсияҳо, ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, илмиву маърифатӣ тадбирҳо андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои мушаххасу амалӣ андешанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.
Дар идома вакилони халқ масъалаи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббиро мавриди баррасӣ қарор дода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ «Дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасониҳои тиббӣ» ҳисобот дод.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки бо мақсади татбиқи барномаҳои соҳавӣ, бахусус оид ба иммунопрофилактика, рушди солимии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон, пешгирии бемории сил, бехатарии хуни донорӣ корбарӣ намуда, якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии СOVID-19, ҷиҳати муташаккилона ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии пойтахт тадбирҳо андешида, инчунин бо ҷалби табибону мутахассисони тиббии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳию назоратиро бобати ба манфиати саломатии худи одамон равона гардидани эмкунӣ ба роҳ монанд.
Таъкид гардид, ки бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, грантӣ ва ташаббуси соҳибкорон барои ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ намудани муассисаҳои тиббӣ аз минтақаҳои ноҳияи Рӯдакӣ воридшуда ва бунёди марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббии замонавӣ чораҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар иҷлосия ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ шунида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дастур доданд, ки вакилон ҷиҳати иҷрои ваколатҳои худ дар амалӣ намудани татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирандешӣ намуда, бобати гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ташаббускории худи вакилон дар ободонию пешравии кӯчаю маҳал ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Сипас дар иҷлосия натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ шуда, аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон шунида шуд.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии мардум ҷалб намуда, талаб намуданд, ки бо ба роҳ мондани истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазир дар корхонаҳо, ҳаҷми содироти маҳсулоти дохилиро зиёд карда, ба рушди молҳои воридотивазкунанда заминаи мусоид гузоранд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулиноро вазифадор намуданд, ки бо мақсади беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, кам намудани бақияпулиҳои андоз, ба андозбандӣ фаро гирифтани шахсоне, ки бидуни қайд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дастгирии давлатии соҳибкорию сармоягузорӣ, истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, омодагӣ ва захира намудани маҳсулотҳо барои давраи зимистон, тақвияти корҳои омодасозии шабакаҳои гармитаъминкунӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, танзими нақлиёти мусофиркашонӣ, омодагӣ ба дӯхти либоси мактабӣ ва нигоҳубину обмонии дарахтон чораҷӯӣ намоянд.
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ намуданд, ки дар якҷоягӣ, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри хотирмон ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ софдилона хизмат намуда, ба натиҷоҳои хуби иқтисодӣ ноил мегардем ва пойтахти азизамонро ба шаҳри гулҳо ва макони арзандаи баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ табдил медиҳем.
Бо ҳамин иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.