Тоҷикӣ

Рустами Эмомалӣ: Арзи сипос ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019

02 Августи 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 02.08.2019.  Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати як шахсияти муътабар дар соҳаи футбол ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миёни наврасони то 16-сола  барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифа ва масъулияти  бардӯшдоштаашон изҳори сипос намуданд.

«Аз номи  Ассосиатсияи  футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва шахсан аз номи худам ба кумитаи тадорукот миннатдории бепоёни хешро иброз медорам, — изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ. —Мусобиқоти мазкур, ки дар кишвари мо доир гардид,   дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ  шуда, бо ҳамин маром анҷом ёфт. Дар ҷараёни маъракаи мазкур як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то  дер гоҳ дар хотири мухлисон нақш хоҳанд баст. Маврид ба зикр аст, ки ғолиб ё  чемпиони  ин мусобиқа дар охирин бозӣ муайян гардид. Бо ҳамин далел  ва бо истифода аз ин фурсат  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои  дарёфти медалҳои  тилло  сидқан табрику  таҳният гуфта, барояшон ғалабаҳои нав ба нав орзу мекунам!».

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин минатдории хешро ба роҳбарият ва аъзои дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизстон  ҷиҳати  иштироки фаъолонаашон дар чемпионат баён намуданд ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри дарёфти роҳхат ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентяр доир мегардад, барору комёбиҳо орзу кард.

Бояд илова намуд, ки ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон  Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола  оғоз мегардад. «Аминам, ки ин мусобиқа низ дар сатҳу сифати  баланд доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон  таҳкиму тақвият мебахшад ва барои сокинон ва меҳмонони он ба иди бузурги футбол  табдил хоҳад гашт», – иброз доштанд Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Илова кунед