ЭЪЛОНИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ЭЪЛОН: Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729, санаи 29 июли соли 2021 соати 10:00 дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳњри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор мегардад.
Ташрифи намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, интизорем.
Телефон барои маълумот: 221-45-14