Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

28 Июли 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 28.07.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Усмонзода Фатҳиддин Баҳриддин оид ба дастоварду муваффақиятҳо ва норасоиву камбудиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзишу маънавиёт муфассал иттилоъ дод. Аз ҷумла, раиси ноҳия дар нишаст чунин изҳор доштанд: - Тавре ба мо иттилоъ доданд, таҳлили ҷараёни тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботии соли 2021 нишон медиҳад, ки дар натиҷаи амалӣ гардонидани як қатор қарорҳои қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ мушоҳида карда мешавад. Нишондиҳандаҳои мусбии натиҷаҳои иқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки нақшаи буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардад. Инчунин дар соҳаи саноат ва сохтмон пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоии ноҳия низ беҳтар гардида, музди миёнаи кормандон дар ноҳия хуб шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2020 зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ноҳия даҳҳо ҳазор метри мураббаъ бинои истиқоматӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кӯшишҳои худро баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти кишвар бахусус, пойтахти азизамон равона намуда, тадбирҳои лозимиро дар ин самт амалӣ менамояд. Оид ба таҳияи нақша-чорабиниҳо омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншоотҳо, барқарор ва ба тартиб даровардани роҳҳо, рангубори биноҳои истиқоматӣ, ташкили нуқтаҳои хизмматрасонӣ, сохтмони биноҳои иҷтимоӣ ва сабзу хуррам гардонидани шаҳраку маҳаллаҳоро ба нақша гирифтааст.
Аз ҷониби кормандони васоити ахбори омма оид ба пардохти ҳаққи хизматрасониҳо ба таври биллингӣ, бароварда шудани 33 ҳазор тонна партов, бунёд гардида истодани 3 мактаби нав, оғоз гардидани боз сохтмони як мактаби нав, алъон фаъол будани 14 корхонаи истеҳсолӣ, баъзе аз корхонаҳое, ки хусусӣ шудаанду фаъолият наменамоянд, бо ваксинатсия фаро гирифтани 80 - ҳазор нафар бошандагони ноҳия, чораандешиҳои мусбӣ ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чаҳоруми стратегии ҳукумати кишвар, ҳолати хурӯҷи мавҷи нави маризии сироятии коронавирус «COVID - 19» ва бисёр масоили умдаи рӯз суолҳо пешниҳод гардиданд.
 

Илова кунед