Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №445 АЗ 28.07.2021

28 Июли 2021, Чоршанбе

Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи  фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2021-2022, мутобиқи талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

Аз 1 то 31 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ тибқи замима дар ҷойҳои муайяншуда бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда шавад.

  1. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаи мазкур таъмин намоянд.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, муассисаҳои давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили ғурфаҳои ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб дар боғи «Куруши Кабир» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ-эпидемиологӣ ва муназзамии барқро таъмин намоянд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкур ва эълони нуқтаҳои муайянгардидаро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Д.Н. гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед