Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ЯХМОС ВА ОБҲОИ ТАШНАШИКАН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Августи 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 06.08.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” даври шаҳрии фестивали яхмос ва обҳои ташнашикан баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва намояндагони корхонаву ширкатҳои яхмосу оббарории пойтахт иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногуни яхмос ва обҳои ташнашикан, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод суханронӣ намуда, зикр карданд, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли обҳои ташнашикан дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ, иҷрои банди 8 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки санаи 30 декабри соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати  иҷрои ҳамин банди ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

 

Илова кунед