ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №513 АЗ 30.08.2021
Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе”
Бо мақсади иҷрои банди 22 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 01 марти соли 2021, №135 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - “Дар меҳмонии Душанбе” рӯзҳои 20 - 24 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакону наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе”, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакону наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе” тадбирҳои амалӣ андешанд.
- Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шавад.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе” маблағи 284 970 (ду саду ҳаштоду чор ҳазору нуҳсаду ҳафтод) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ