Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №487 АЗ 13.08.2019

15 Августи 2019, Панҷшанбе

Дар  бораи  ворид  намудани  тағйирот ба қарори Раиси шаҳри  Душанбе  аз 19  феврали  соли  2015, №113-1

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 4 сархати панҷуми протоколи ҷаласаи машварати назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 29 июли соли 2019, №26 ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳомутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2015, №113-1 «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» тағйироти зерин ворид карда шавад:                      

- дар номи қарор калимаҳои «марзию маъмурии» хориҷ карда шаванд;

- дар банди 1 пеш аз калимаҳои «Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе» калимаҳо ва аломати «Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва» илова карда шаванд;

- дар банди 1 сархати 3 рақамҳои «2200» ба рақамҳои «2100» иваз карда шавад.

2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

          

                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед