Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №519 АЗ 02.09.2021

02 Сентябри 2021, Панҷшанбе

Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ»

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги техникии аҳолӣ, мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи сиёсати ҳукумати электронӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»     

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шахсони ҳуқуқию воқеии ватанӣ то 1 октябри соли 2021 озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати комиссияи озмунӣ ва шартҳои баргузории озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  3. Комиссияи озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» дар сатҳи баланд озмуни мазкурро на дертар аз 1 ноябри соли 2021 ташкил, баргузор ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи ҷамъбасти он хулосаи асоснокро ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.
  4. Ҳамоҳангсози ташкилу баргузории озмуни мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муайян карда шавад.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои хароҷоти баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 180 000 (як саду ҳаштод ҳазор) сомонӣ тибқи замимаи 3 ҷудо намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарор ва раванди баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                              РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

Илова кунед