Тоҷикӣ

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОИЯТ ВА АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ОЗОДӢ

23 Августи 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 22.08.2019. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни умумимиллии 28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, арзиш ва дастовардҳои беназири он  гурӯҳи таблиғотии шаҳрдорӣ созмон дода шуд.    Гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтор ва ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, кормандони корхонаву муассиса, ташкилоту идора, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сокинони шаҳраку маҳаллаҳои чаҳор ноҳияи пойтахт вохӯриву мулоқотҳо доир намуда, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти конститутсионӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ, инчунин дастовардҳои беназири Тоҷикистонро тайи солҳои соҳибихтиёрӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Тавре дар ҷараёни суҳбату мулоқотҳо тазаккур дода шуд, Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд,- "Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад".

Мо дар тӯли ин 28 соли Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ зътироф гардидем.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Муҳимтарин рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ - Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Бори нахуст дар таърихи халқамон дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

Бузургтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Пас аз музокироти тӯлонии Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин, ки қариб чил моҳ идома ёфта, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шавад ва рӯзи таърихии 27 июн бо Фармони Президенти мамлакат иди умумимиллӣ эълон карда шуд.

Дастоварди бузурги таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқии Роғун ба шумор меравад, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин сохтмони бузурги аср воқеан ҳам аз ормонҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо заҳмати ҳамаҷонибаи халқи тоҷик бунёд шудааст.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба истиқлолияти озуқавории ҷумҳурӣ  пойдевори боэътимод гузошт. Дар ин робита истеҳсоли солонаи ғалла дар мамлакат ба як миллион тонна расонда шуд, ки сатҳи некӯаҳволии мардумро хеле баланд бардошт.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ба Тоҷикистон бахшидани раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.

Маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат сохтмонҳои азим - роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, туннели мошингарди Анзоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе -  Нуробод- Ҷиргатол-Саритош, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркуниии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, бунёд ва бозсозии ҳазорҳо километр роҳҳои дорои аҳмамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ,  садҳо нақбу пул  ба сомон расид.

Чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор гардид.  Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии бомароми кишвар идома дошта, барои гузариш аз низоми аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ таҳкурсии амиқ гузошта шудааст.
Таҷлили ҷашнҳои ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100- солагии таъсиси давлати Сомониён, 960-солагии Ҳаким Умари Хайём, 2700-солагии “Авесто”, бузургдошти Имоми Аъзам - Абу-Ҳанифа Ан-Нӯъмон ибн Собит,  2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000 солагии Ҳисор ва дигар нобиғаҳои илму тамаддуни тоҷик гувоҳи эҳтирому арҷгузории давлату ҳукумати кишвар ба илму адабиёт ва фарҳанги халқамон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати мустақил бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Тӯли солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар  Осиё, Созмони Умумиҷаҳонии савдо ва дигар ташкилотҳои байналмилалилву минтақавӣ гардид.
     Пазируфтани 4 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад.
     20-уми декабри соли 2000-ум бори аввал аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани резолютсияи “Соли 2003-Соли байналхалқии оби тоза” далели равшани эътирофи мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
      Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳои корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд.       
      Тоҷикистон имрӯз ба як давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳар вақта дида бештар равона шудааст.
     Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мардуми тоҷик фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши беандоза созгорро доро мебошанд ва дар ин робита  ном, фаъолият ва зиндагиномаи Пешвои миллат бо таърих ва сарнавишти давлатдории он   пайванди ногусастанӣ дорад.        
    Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши  бунёдгузориро дорад.  Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурѓановат ва дигар  ҷанбаҳо аз ҷониби ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври сазовор баҳогузорӣ шуда,  ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам амалӣ собит гардидааст.
     Дастовардҳои Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвар беназиранд.      
     Аз ин лиҳоз халқу мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Президенти ҷумҳуриро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Ва рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат" мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
      Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.                
       Таҷрибаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.  
Гурӯҳи таблиғотӣ фаъолияти худро 22-юми август оғоз намуда, то 4 сентябри соли 2019 идома медиҳад.

Илова кунед