Тоҷикӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

13 Октябри 2021, Чоршанбе

 

ш.Душанбе. 13.10.2021. Дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт тадбирҳои созандагӣ вусъат ёфтааст. Илова ба майдончаҳои мавҷуда дар маҳаллаи Гипраземи ноҳияи Синои пойтахт як майдончаи муосири варзишӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии рақами 53-и ноҳияи Сино ҷойгир буда, он бо мусоидати вакили ин ҳавза дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҲХДТ Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед ва ташаббуси шаҳрванд Шарифзода Нурзод сохта шудааст. Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва шаҳравандони ташаббускори бунёди майдончаи варзишӣ ширкат намуданд.
Дар баробари майдончаи варзишӣ инчунин мавзеъ барои дилхушиву фароғати кӯдакон ва машқу тамрини онҳо низ бо фароҳамии шароити зарурӣ бунёд гардидааст. Сокинон қаноатмандӣ аз он доранд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби чунин майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Зеро дар гузашта сокинони маҳалла ба чунин иншоот эҳтиёҷ доштанд.
Аз сокинони биноҳои атрофи майдончаи варзишӣ даъват карда шуд, ки барои истфиодаи самараноки он ва дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд. Зеро майдончаи универсалии варзишӣ бояд барои онҳо солҳои зиёд хизмат намояд.Ҷойи таъкид аст, ки давоми солҳои охир дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чунин иншооти солимгардонӣ сохта шудааст ва шароити созгор барои машқу тамрини ҷавонону наврасон фароҳам гардидааст.
Корҳои ободониву созандагие, ки давоми солҳои охир дар шаҳраку маҳаллаҳо амалӣ карда шудаанд, аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба талаботи мусоири шаҳрсозӣ ба шумор меравад. Бо татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созандагиву ободокорӣ, дар баробари фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин симои шаҳрро бозҳам ободу зебо менамояд. Бо мақсади пайравӣ ба ин иқдомҳои созанда Шарифзода Нурзод низ ин майдончаи варзиширо бунёд намуд.
 
 
 
 
 

Илова кунед