ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №609 АЗ 20.10.2021
Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои кабудизори шаҳри Душанбе мутобиқи моддањои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои замимагардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.
- Корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ