Тоҷикӣ

ВОКУНИШ

30 Октябри 2021, Шанбе

   Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудани сокини шаҳри Душанбе - Алимова Зулфия дар хусуси ба духтараш Мамадҷонова Мадина аз ҷониби шаҳрванд Давлатова Азиза 25 августи соли 2021 бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

  Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва обективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.

Илова кунед