Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

15 Ноябри 2021, Душанбе

 
  ш.Душанбе. 15.11.2021. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар” доир гардид.
  Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиёну меҳмонон аз толори “Осорхонаи асарҳои тозанашри Пешвои миллат” дидан намуданд, ки дар он китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон, фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли Истиқлолият ба намоиш гузошта шудааст.
Ҳамоиши тантанавӣ бо суруди миллӣ, ки аз ҷониби иштирокчиёни он қироат карда шуд, оғоз гардид. Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
  Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар ҳамоиш академикону олимон, ҳуқуқшиносону адибон ва сиёсатмадорон дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат - Президенти сулҳофар ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Мактаби давлатдорӣ ва санъати идоракунии Пешвои миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон - ҳамчун Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала” ва ғайраҳо баромад намуда, мақом ва нақши Пешвои миллатро дар пойдории сулҳу суббот ва якпорчагии кишвар хеле муҳим арзёбӣ намуданд.
  Таъкид гардид, ки таљрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, нерӯҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиёни он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Илова кунед