ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №676 АЗ 24.11.2021
Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Шукуфаҳои пойтахт”
Бо мақсади иҷрои банди 32 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 01 марти соли 2021, №135 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - “Шукуфаҳои пойтахт” рӯзҳои 6 – 10 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Шукуфаҳои пойтахт”, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Шукуфаҳои пойтахт” тадбирҳои амалӣ андешанд.
- Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шавад.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Шукуфаҳои пойтахт” маблағи 200 000 (ду сад ҳазор) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ