ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА, ҲАМЧУНИН ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САИДМУЪМИН РАҲИМОВ
26 Ноябри 2021, Ҷумъа
ш.Душанбе. 26.11.2021. Имрӯз дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2021 вобаста ба таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, шарҳи бандҳои амалкунандаи қонунҳои миллӣ ва таблиғи дастовардҳои замони 30-соли соҳибистиқлолӣ бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ миёни роҳбарият ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мулоқот доир гардид. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки дар Паёми навбатии хеш сарвари давлат аз вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд-қайд гардид дар идома мулоқот.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин давра ба хотири пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва тадбирҳои беҳдоштӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 12 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар давоми соли 2020, ки на танҳо барои соикнони кившар балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкил ба ҳисоб мерафт, дар пойтахт 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 қудакистони замонавӣ ифтитоҳ карда шуд. Дар охири мулоқот масъулини гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди масъулият донишҳои замонавиро аз бар намуда, баҳри рушд ва гулгулшукуфоии кишвар офтобруяамон саҳми босазо гузоранд.
Қайд бояд намуд, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов чунин мулоқот бо устодон ва донишҷӯён сурат гирифт. Дар оғоз намояндагон вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар асри илму техника ҷавонони мо бояд зираку ҳушёр бошанд ва бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баҳри рушди кишвар худ саҳмгузор бошанд. Қайд шуд, ки сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд ки фаъолияти созмонҳои равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Паём чун ҳуҷҷати роҳнамо тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб месозад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ба худ ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд.