Тоҷикӣ

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪОНА, ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ПЕШРАФТИ БОСУБОТИ ПОЙТАХТ

06 Декабри 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 06.12.2021. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон доир гардид.
Мақсад аз баргузории мулоқот татбиқи босамари бандҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ шудааст, инчунин таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баррасии сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилгардии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирӣ ва профилактикӣ, ҳамчунин таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Дар чорабинӣ кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон, ҷавонон, варзишгарон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолон, намояндагони мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, дар самти татбиқи амалии нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои ҳар як сокини пойтахт, ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озидиҳои ҳар сокини пойтахтро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он перомуни баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расонидани насли наврас, ҷалби ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ, омодабошии ҷавонон ба ҳимояи марзу буми кишвар ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати боз ҳам сарсабзу обод гардонидани диёр, анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хайру эҳсонкорӣ, таъмини пешрафти босуботу бемайлон, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи кишвар баромад намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон оид ба дастоварду комёбиҳои сокинони пойтахт дар самтҳои мухталиф дар 30 соли Истиқлолият, бахусус солҳои охир сухан карда, бо мақсади пешрафти босуръату босифатонаи пойтахт – шаҳри Душанбе, амалинамоии муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бобати ба “шаҳри сабз” ва “шаҳри гулҳо” табдил додани пойтахти ватани маҳбубамон-шаҳри Душанбе таҳти роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолони пойтахт ҳануз санаи 15 феврали соли 2017 баён доштанд, ҳозиринро ба фаъолияти содиқонаву самимона ва саҳмгузорӣ дар рушду муаррифии он дар арсаи ҷаҳон даъват намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни маърӯзачиён ва иштирокдорони ҷамъомад мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед