ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ДАР ПОЙТАХТ
10 Декабри 2021, Ҷумъа
ш.Душанбе. Дар Коллеҷи технологӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарони раёсату сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқот масъулин иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 соли муваффақияту музаффарияти худро бо дастовардҳои назаррас таҷлил намуд. Ҳамзамон дар идома вобаста ба сатҳи афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар 9 моҳи сипаришудаи соли равон масъулин изҳори нигаронӣ карда, қайд намуданд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 500 оила ҷудо шудаанд, ки ин боиси нигаронист. Ҳамчунин гуфта шуд, ки гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ то ҳанӯз мушоҳида карда мешавад, ки аксарияти онҳоро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати атрофиёни худ бетараф набуда, кӯшиш намоянд то пеши роҳи чунин кирдорҳои ноҷоро гиранд. Инчунин, зикр намуданд, ки донишҷӯён бояд интернет ва ё сомонаҳои иҷтимоиро ба манфиат истифода баранд. Ҳамзамон аз ҷавонон даъват гардид, ки ободиву созандагӣ ва гулгулшукуфоии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо дар саҳифаҳои гуногуни интернетӣ гузоранд, то ҷалби сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба кишвари мо зиёд гардад. Инчунин дар мулоқот гуфта шуд, ки ҷавонони мо махсусан он нафароне ки дар шаҳри Душанбе истиқомат менамоянд, бояд донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд, зеро ҳар нафар сайёҳ ва ё меҳмоне, ки ба кишвари мо меояд ва вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ба мо муроҷиат менамояд, онҳоро хуб роҳбаладӣ намоем. Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла вазъияти ҳамсоякишварҳо моро бояд бори дигар водор созад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ба суханони гумроҳона ва куркуронаи гурӯҳҳои гуногун, ки аз хориҷа истода ба ҷавонон муроҷиат мекунанд, дода нашуда баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва ободии кишвар саҳми муносиб гузорем.
Ҳамчунин дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мулоқоти гурӯҳи корӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни доир гардид. Зимни мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ қайд намуд, ки имрӯзҳо оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои кишвари озоди мо танинандоз аст ва сокинони мамлакатро лозим аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намоянд. Инчунин гуфта шуд, ки Истиқлол аз ҷумлаи неъматҳои беҳтарин ва дастоварди арзишманди миллати тоҷик аст, ки бо талошу заҳматҳои мардуми шарифи кишвар, мо ба он ноил гардидем. Аз ин рӯ зарур шуморида шуд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат, хусусан ҷавонон бояд ба арзишҳои Истиқлол эҳтироми хосса дошта бошанд. Феълан дар кишвари маҳбуби мо сулҳу субботи сартосарӣ таъмин гардида, пояҳои давлатдорӣ устувор аст. Аз ин хотир аз омӯзгорони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия даъват карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт миёни ҷавонон густариш диҳанд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Истиқлоли миллӣ шарафу номуси миллати озодихоҳ, рамзи саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, нишонаи пойдориву бақои миллат аст. Мо аз он ифтихор менамоем, ки халқи мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Чаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ ҳисобида, ҷомеаи навини демократии ҳукуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодаанд.
Дар идома гуфта шуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат қарор гирифт, ки ин нишони ғамхории роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҷавонон мебошад. Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.