Тоҷикӣ

ПАЁМ-СУХАНИ САМИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МУЖДАИ СОЗАНДА ДАР РОҲИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

24 Январи 2022, Душанбе

ш.Душанбе. 24.01.2022. Дар МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии навбатии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои Роҳи Нав, Саноат, Зафар, кормандони Кооперативи моликони манзили №1 баргузор гардид, ки зимни он нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат мавриди шарҳ қарор гирифт. Дар баромади худ роҳбари гурӯҳи мазкур, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода зикр кард, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмӣ-барномавӣ ва муайянкунанда маҳсуб ёфта, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Пешвои миллат барои ҳар як ҳамватан пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.
Таъкид карда шуд, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар амалӣ мегардад, ки дар ҳақиқат як тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихи халқи тоҷик мебошад.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд. Мақсади вохӯрии мазкур ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, намояндагони касбу кори гуногун ва масъулини муассисаҳои соҳавии кишвар мебошад. Дар идома аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд,ки баҳри ободии кишвари азизамон шаҳри Душанбе ҳамеша саҳмгузор бошанд.
 
 
 
 

Илова кунед