РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МАРОСИМИ РӮНАМОИИ ТЕХНИКАҲОИ КОММУНАЛӢ
01 Феврали 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. 01.02.2022. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии техникаи коммуналии ба шаҳри Душанбе воридшуда, доир гардид.
Таҳкими заминаҳои техникию имкониятҳои моддии муассисаҳои коммуналии шаҳрӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ барои тозаю озода намудани муҳити зист ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони пойтахт, пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Раиси шаҳр қарор дорад.
Солҳои охир дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва истифодабарии роҳҳо мушкилиҳои норасои техникаҳои замонавӣ ҷой дошт, ки ин ба сифати хизматрасониҳо таъсири худро мерасонид.
Бо ибтикор ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ворид намудани техникаҳои замонавӣ ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳандозӣ гардид.
Дар доираи ҳамкориҳо соли 2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳури Ҳалқии Хитой созишнома оид ба кумаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 воситаҳои нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба мувофиқа расонид.
Бо амалӣ гардидани созишнома дар 16 марҳила то имрӯз 413 адад техиникаҳо вориди пойтахт гардид ва 53 адади дигар онҳо дар ҷараёни воридшавӣ қарор доранд.
Ба Раиси шаҳр зимни рунамоӣ 155 адад автобусҳои мусофирбари гуногунҳаҷм, 52 адад автомошинаҳои борбарӣ, 48 адад автомашинаҳои махсуси партовкашонӣ, 40 адад мошинҳои обпошӣ, 22 адад мошинҳои хурди боркашии дуқатора, 20 адад автомошинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 адад автокран, 15 адад эвакуатор, 1 адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, автомашинаҳои қубуртозакунӣ, инчунин техникаҳои махсусгардонидашуда аз қабили 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гармӣ, 1 адад маркази идораи техникаҳои сухторхомӯшкунӣ, 4 адад автомошинаҳои ёрии таъҷилӣ, 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки техника ва таҷҳизоти коммуналии воридшуда мувофиқи талабот ва зарурат ба сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла корхонаҳои коммуналии партовкашонӣ, ободонӣ, боғҳо, обу коррезӣ, нигоҳдории истифодабарии роҳҳо, гармидиҳӣ, мусофиркашонӣ ва сухторхомушкунӣ дода шуданд.
Дар робита ба ин, бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой тӯли 1 моҳ бо масъулину кормандони корхонаву муассиса ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи онлайн дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки бо ворид гардидани техникаҳои коммуналии мазкур, паркҳои техникии корхонаҳои соҳавӣ пурра навсозӣ гардида, бо инобати техникаҳои мавҷуда пуриқтидор карда шуда, фаъолияти онҳо боз ҳам самаранок ба роҳ монда мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба истифодаи самаранок ва мақсадноки техникаҳои воридшуда ҷалб намуд.
Ҳамчунин, ба масъулин ва ронандагону кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои техникӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Иброз намуданд, ки роҳбарияти шаҳрдорӣ минбаъд низ барои таҳким бахшидани заминаҳои техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва дар ин замина барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.