ЭЪЛОН: МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 16.02.2022. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳо, дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкина, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод; ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ интиқоли об аз соати 23:00 17 феврал то соати 24:00-и санаи 18 феврал қатъ мегардад.