РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №11
Ш. Душанбе. 30.08.2019. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии таълимӣ дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Бинои нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Изатулло Давлатов бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ сохта шуда, бинои аввали он 14-уми августи соли 2018 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар бинои наву замонавӣ Раиси шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомдода шуда, баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар баробари корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ бояд роҳандозӣ гардад.
Бинои нави муассиса аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, шумораи умумии синфхонаҳо ба 32 адад мерасад. Утоқҳои роҳбарият ва омӯзгорон, инчунин синфхонаҳои фанҳои химия, физика, биология, география, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунарҳо барои духтарону писарон, кабинетҳои лингофонӣ, маҷлисгоҳ бо 144 ҷойи нишаст, ошхона бо 80 ҷойи нишаст ва утоқи либосовезии хонандагону омӯзгорон бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Иншооти нави таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда, дар як баст пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳр омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баланихтисосро муҳим арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки дар раванди таълиму тадрис ба баланд бардоштани савияи илмомӯзии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Барои дӯстдорони санъати тасвирӣ, синфхонаи махсус муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти рассомиву тадрисӣ фароҳам гардидааст.
Дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки бо тамоми асбобу айёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мутахассисони соҳибтаҷриба ба хонандагон нозукиҳои касбҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзонанд.
Раиси шаҳр масъулини дахлдори шаҳри Душанберо вазифадор намуданд,ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ, тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти ба талаботи замон ҷавобгӯи сохту истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шаванд.
Зеро чунин тадбир ҳам дар самти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ муосидат мекунад ва ҳам ба коҳиши арзиши маҳсулот боис мешавад.
Роҳрав ва синфхонаҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавии дорои сифати баланд ва лавҳаҳои электронию технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ин имконият медиҳад, ки раванди таълим пурра таҳти назорат қарор гирифта, омӯзгорон масъулиятшинос бошанд ва аз ҷониби дигар ба волидайн имкон фароҳам меорад, ки бо ҷараёни таълиму тарбия, рафтор ва одобу ахлоқи фарзандонашон дар мактаб ҳамеша ошно бошанд.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон дар бинои навбунёд маркази тиббӣ ҳам бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ диққати масъулини пойтахтро ба ороиш ва тарҳу намуди роҳрав, гулдонҳои сатҳӣ, хусусан ободонӣ ва кабдизоркунии майдони назди бинои таълимӣ ҷалб намуда, масъулини дахлдори пойтахтро муваззаф намуданд, ки дар баробари гулу майса, ҳамчунин ба шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Раиси шаҳр таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи сатҳи байналмилалӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарстӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлатиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе маънидод намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.