Тоҷикӣ

БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ГИМНАЗИЯИ №74 ИФТИТОҲ ГАРДИД

31 Августи 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 31.08.2019. Имрӯз дар арафаи Рӯзи дониш ва таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Бинои тозабунёд аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи насли наврас шароити муносиби тадрис мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, иншооти нав дорои синфҳои фаннӣ барои химия, физика ва биология буда, бо асбобу аёниятҳои дарсӣ ба пуррагӣ таъмин мебошад.

Бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 дорои 30 синфхона буда, дар ду баст  1280 хонандаро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Роҳрав, толор ва утоқҳои корӣ ба системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Дар иншооти тозабунёд синфхонаҳои алоҳида барои омӯзиши компютер ва таълими меҳнати духтаронаву писарона бунёд ёфтааст, ки ин имконият медиҳад толибилмон технологияи муосирро аз бар намуда, касбу ҳунар низ омӯзанд.

Ғайр аз синфхонаҳои замонавиву муҷаҳҳаз, бинои нави таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона бо 112 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 324 ҷой ва толори варзишии барҳаво буда, намои берунии он бо санъати баланди меъморӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд ёфтааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки феълан дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 бештар аз 2900 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд.

Бо сабаби норасоии ҷойи нишаст, то кунун қисми хонандагон дар бинои барои боғча пешбинишуда таълим мегирифтанд. Бо бунёди бинои иловагӣ, мушкилоти мазкур ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо карда, бинои боғчаи кӯдакона низ мувофиқи таъиноташ метавонад, ки 280 нафар кӯдакро минбаъд ба таълим ва тарбия фаро гирад.

Ба иттилои масъулин, ин тадбир метавонад талаботи зиёди аҳолии маҳаллаи мазкурро барои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ қонеъ созад.

Бинои мазкур идомаи тадбирҳои ободкорона дар ҳудуди шаҳри Душанбе буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд гардидааст.

Ҳамин гуна то таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахти мамлакат боз чандин иншооти дигари соҳавӣ бунёд хоҳанд ёфт, ки барои баланд гардидани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас василаи муносиб ба шумор меравад.

Илова кунед