ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №174 АЗ 14.04.2022
Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои
нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории
Ниммарафони ХII байналмилалии Душанбе
ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани Ниммарафони ХII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ - Ҳофизи Шерозӣ ва аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо хиёбони Рӯдакӣ то бурриши кӯчаи Бухоро тибқи хатсайри замимагардида санаи 16 апрели соли 2022 аз соати 0800 то 1100 манъ карда шавад.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони ХII байналмилалии Душанбе ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.
Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд. 5. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ