ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №179 АЗ 14.04.2022
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди футбол
дар шақри Душанбе барои солҳои 2022 - 2026
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди футбол, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа ва таъмини оммавияти варзиш, инчунин иҷрои банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
Барномаи рушди футбол дар шањри Душанбе барои солҳои 2022 - 2026 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Сарраёсати молияи шарҳи Душанбе ҳамасола, ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур маблағҳои заруриро ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет тибқи тартиб пешбинӣ намояд.
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 - 2026 муайян карда шавад.
- Раёсати кор бо љавонон ва варзиши шањри Душанбе њар сол то 10 январ ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ва Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш пешниҳод намоянд.
- Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022 - 2026 қабул намуда, амалигардонии онро таъмин намоянд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ