Тоҷикӣ

"ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ, ДУШАНБЕ" - ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Апрели 2022, Шанбе

ш.Душанбе. 16.04.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Табарзода Ҷамшед баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имруз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.
Нахуст туҳфаҳои хотиравии арзишнок ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Сипас ғолибони озмуни соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуда, дар ин росто мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур Ғаниева Фирӯза ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол - 2021» дониста шуда, бо маблағи 10 000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2020”, омўзгори фанни географияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Мусоева Моҳира ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуда, соҳиби 10 000 сомонӣ ва диплом гардид.
Дар озмуни «Хонандаи сол» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи И.Сомонӣ Ёрзода Нигина супорида шуд.
Дар арафи таҷлили Рузи пойтахт тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2022, №85 бо мақсади ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав бори аввал озмуни шаҳрӣ таҳти унвони “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” баргузор гардид, ки ғолибони он аз рўйи 7 номинатсия муайян карда шуда, имрӯз бо Диплому мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз карда шуданд.
Ҳамин тариқ Ғолибони озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рўйи номинатсияи «Барномасозӣ»: Усмонзода Сомон - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи III бо Дипломи ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Абдушаҳидов Юсуфҷон - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе», барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Сатторов Амирҷон - хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи инноватсионии Душанбе», барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, Мирмуҳаммадзода Уғулбӣ - хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Абдул Розиқ Умед - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Зайдуллоева Нигора - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон аз рўйи номинатсияи «Моделсозӣ»:
Раҳимова Малика - хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Ҳафизов Парвиз - хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии давлатии «Литсей - интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманд»-и дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Шодиев Мудассир - хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, сарфароз гардиданд.
Ғолибон аз рўйи номинатсияи «Радиоэлектроника»:
Шарипова Аноҳито - хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, сарфароз карда мешавад. Раҳимов Муҳаммадрасул - хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, Муҳаммадробеи Муҳаммадёр - хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомониро соҳиб гардиданд.
Ғолибон аз рўйи номинатсияи «Робототехника»:
Холиқов Муҳаммад - хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Ҷалолиддини Сайдаҳмад - хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Шарифзода Умар - хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, сазовори ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ гардиданд.
Ғолибони озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” байни хонандагони синфҳои 5 – 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:
Зарифова Насима – хонандаи синфи 7 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 3 бо Дипломи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Рафоати Шерафган - хонандаи синфи 7 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 2 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Эгамов Тобиш - хонандаи синфи 5 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 1 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ.
Ғолибон миёни хонандагони синфҳои 5 – 8-и литсей ва гимназияҳо:
Назармамадова Фарзона - хонандаи синфи 8 – и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, барои ишғоли ҷойи 3 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Ишонова Аминабону - хонандаи синфи 8 – и муассисаи давлатии таълимии “ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, барои ишғоли ҷойи 2 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Салмои Шамс - хонандаи синфи 8 – и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, барои ишғоли ҷойи 1 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ.
Ғолибон миёни хонандагони синфҳои 9 - 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:
Ёрзода Нигина – хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 3 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Ҷалолзода Азизаи Абдулҳамид - хонандаи синфи 10 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 2 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Қурбонов Бурхвалӣ - хонандаи синфи 11-и
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 1 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ.
Ғолибон миёни хонандагони синфҳои 9 – 11-и литсей ва гимназияҳо
Мирзозода Фотима - хонандаи синфи 9-и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, барои ишғоли ҷойи 3 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Раҷабов Парвиз - хонандаи синфи 10 – и муассисаи давлатии таълимии “ Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, барои ишғоли ҷойи 2 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Давлатёрова Назарбахт - хонандаи синфи 10 – и муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманд” дар шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи 1 бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ.
Ғолибони аз рўйи номинатсияи «Сайёҳӣ - кишваршиносӣ»:
Тошев Бежан - хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Расулова Ситора - хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Фахриддинов Мирмуҳсин - хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии давлатии «Литсейи инноватсионии Душанбе», барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ гардиданд
Ғолибон аз рўйи номинатсияи «Табиатшиносӣ»:
Раҳимова Гулрў - хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи III бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, Ахмедова Мадина - хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии давлатии «Литсей - интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманд» дар шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи II бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, Яҳёев Абдураҳим - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе, барои ишғоли ҷойи I бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳдаҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз карда шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” ҳавасманд гардиданд.
Аз рӯи номинатсияҳои “Беморхонаи сол – 2021”, Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ”-ғолиби озмуни «Беморхонаи сол - 2021» 10 000 сомонӣ , “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол – 2021” Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №3” ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2021» 10 000 сомонӣ, “Табиби сол – 2021”. Табиб- ҷарроҳи кӯдакона, номзади илмҳои тиб, муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Азизов Баҳром Ҷурахонович 5 000 сомонӣ , “Табиби оилавии сол – 2021” Табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7” Шарипова Тахмина Ғайратовна 5 000 сомонӣ, “Корманди миёнаи тибби сол – 2021” ҳамшираи тиббии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7” Аширалиева Марҷона Тошпулатовна 4000 сомонӣ тақдим карда шуданд.
Дар номинатсияҳои “Китобхонаи беҳтарини оммавӣ” ҷойи 3-юм насиби “Китобхонаи муосири пойтахт” 5000 сомонӣ, 2-юм ба “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар” 7000 сомонӣ, зинаи 1-умро “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ” 10000 сомонӣ , “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” ҷойҳои 3-юм “Китобхонаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон” 5000 сомонӣ, 2-юм “Китобхонаи ба номи Индира Ганди”-и АМИТ 7000 сомонӣ, зинаи 1-ум “Китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” 10000 сомонӣ, “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” зинаҳои 3-юм ба “Китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Шоҳмансур” 5000 сомонӣ, 2-юм “Китобхонаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” 7000 сомонӣ, ҷойи 1-ум ба “Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55” 10000 сомонӣ, “Китобхонаи беҳтарини оилавӣ ҷойҳои 3-юм “Китобхонаи оилавии Фозил Обидов” 5000 сомонӣ, 2-юм ба “Китобхонаи оилавии Саидзода Баҳром” 7000 сомонӣ, мавқеи 1-ум Китобхонаи оилавии Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ соҳиби 10000 сомонӣ гардиданд.
Озмуни “Беҳтарин раиси Шўрои кор бо занону духтарон”:
Ҷойҳои 3-юм Ҷураева Адолат – раиси Шўрои кор бо занон ва духтарони маҳаллаи Шоҳмансур-1-и ноҳияи Шоҳмансур 700 сомонӣ, 2-юм – Асоева Хайринисо – раиси Шўрои кор бо занон ва духтарони маҳаллаи Маърифати ноҳияи Фирдавсӣ 1000 сомонӣ, ҷойи аввал – Мухторова Сабоҳат- раиси Шўрои кор бо занон ва духтарони маҳаллаи Фирдавсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби 1500 сомонӣ гариданд.
Ғолибони озмуни "Беҳтарин акси шаҳри Душанбе":
3. Нарзуллозода Муҳиббулло – 1000 сомонӣ
2. Садриддинзода Мухаммадчон – 1500 сомонӣ
1 . Замонов Айниддин Ахлиддинович – 2000 сомонӣ
1. Носирзода Шохрух Мачид корти ройгони автобус ба мӯҳлати 1 сол.
2. Соқизода Меҳровар Соқи корти ройгон ба Қасри теннис ва мачмааи варзишии обии ба муҳлати1 моҳ.
3. Саъдуллоев Дидор Неъматуллоевич бо маблағи 500 сомонӣ
4. Окилов Абубакр бо маблағи 500 сомонӣ.
5. Абдукаримов Салоҳиддин Убайдуллоевич бо маблағи 500 сомонӣ.
Фаъолияти самрабахши кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт низ натиҷагирӣ карда шуда, дар озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» Ҷамъияти Дорои Масъуляташ Маҳдуди “Сайёҳон” ҷойи сеюм ва соҳиби 2000 сомонӣ, Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Сорбон-14” ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии”Автобус-2”-и шаҳри Душанбе мақоми аввал ва соҳиби 5000 сомонӣ ва гардиданд.
Ғолиби озмуни «Беҳтарин ронанда» Турдиева Муҳайё Юлдошевна корманди коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”-и ш. Душанбе дониста шуда бо 3000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Зинаи дуюм насиби Сангинов Раҳматулло Саидович ҶДММ “Маҳин ” гардида, сазовори 2000 сомонӣ ва диплом дониста шуд. Мақоми сеюмро дар озмуни мазкур Маҳмадалиев Бахтиёр Абдулҳафизович ҶДММ “Сомон такси сайр” касб кард ва бо 1000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардонида шуд.
Аз ҷумла дар чорабинӣ фаъолони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷоизаҳо дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ гардидаанд: Инҳо: Сафарова Сайрам Ҳаитовна роҳруб аз Раёсати истифодабарии роҳҳои н. И. Сомонӣ. Дустова Амина Муродалиевна роҳруб аз Раёсати истифодабарии роҳҳои н. Шоҳмансур. Суюунова Шоира Атоқуловна роҳруб аз Раёсати истифодабарии роҳҳои н. Фирдавсӣ. Назарова Нигина Сайвалиевна роҳруб аз Муассисаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо”-и н. Сино мебошанд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 170 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз «14» апрели соли 2022, №209 ҳамчун барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2021 – 2022 муайян шудаанд, ба ҳар кадоме маблағ ва шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи пойтахт, устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.
Воқеан ҳам имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри орзуву умедҳо Душанбеи зебоманзар, ки таҷассумгари симои давлату миллати мо маҳсуб меёбад, ба ифтихори Рӯзи пойтахт либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гардидааст. Душанбеи имрӯза, воқеан ҳам, ифодагари симои аслии давлату миллати кӯҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосаро касб кардааст.
 
 

Илова кунед