ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №201 АЗ 25.04.2022
Дар бораи аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии "Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" озод намудани Азизиён С.С.
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 30 ва 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Азизиён Самӣ Солӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии "Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз 25 апрели соли 2022 аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шавад.
Асос: Аризаи Азизиён С.С.
Рустами Эмомалӣ